Noble Quran » Тоҷики
Random Books
- ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: АБУБАКР (Р) ВА УМАР (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)Ин китоб роҷеъ ба зиндагинома, футуҳот, корномаи ду шахсияти бузурги таърихи ислом ва башарият, саҳобагони гиромӣ: Абубакр (р) ва Умар (р), ки ҳардуяшон хулафои рошидин ва падарарўсони (хусурони) Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) буданд, ба забони фасеҳу ширини форсии тоҷикӣ нақл мекунад.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/333924
- Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/321608
- ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИНҲазрати Оиша (р) бешак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои дурахшони олам ба шумор меравад. Худованд ба рўйи эшон дарҳои раҳмат ва фазлу карамашро боз намудааст. Лутфи илоҳӣ Оишаро дар ибтидо духтари шахсияти беназире ба мисли Абубакри Сиддиқ (р.з) қарор додааст, ки ин худ фахри бузург аст. Баъдан, тарзе аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳазрати Оиша (р.з) маълумамон мешавад, пешомади хубтару саодатмандтаре эшонро дар оғўш мегирад. Ин ҳам бошад, издивоҷи мутаҳҳар бо беҳтарин авлоди ҳазрати Одам, яъне Муҳаммади Мустафо (дуову дуруд бар у бод) аст.
Formation : Холид Абу Солиҳ
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/329655
- Ашке бар тавҳидТамоми Паёмбарон мардумро фақат басуи як чиз даъват мекарданд, ва онҳам он буд, ки мегуфтанд: эй мардум! Фақат Худовандро ибодат кунед барои шумо ба ҷуз як Худо дигар Худое нест. Бародарону хоҳарони азиз! Оё медонед маъноӣ ибодат чист ? Маъноӣ ибодат: Яъне муҳаббату итоъату назру қурбони, ҳама бояд бароӣ Худо бошад. Ва бо дигар маъно: Ягона донистани Худованд бо дил, ва ягона донистани Худованд дар амал. Маъноӣ ягона донистани Худованд бо дил: Яъне дар дустдориву муҳабати Худованд ягон касро ба У баробар накардан, ва дар тарси аз Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва дар зориву илтиҷо ба суӣ Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва ба ғайр аз Худованд ба ягон кас тавакал накардан, ва ғайраҳо. Маъноӣ ягона донистани Худованд дар амал: Яъне дуъо накардан магар ба суӣ Худо, кумак талаб накардан, магар аз Худо, ва қурбониву назр накардан магар ба номи Худо, ва қасам нахурдан магар ба номи Худо, ва ғайраҳо.
Formation : Умар Хатлони
Source : http://www.islamhouse.com/p/292785
- Аз самими дилам ба самими дилҳоАз самими дилам ба самими дилҳо, китобчаест дар мавзуъи бисёр муҳим, ақида ва афкори раисии мазҳаби шиаро зикр карда, дар мизони шариат ва ақл мегузорад, ва аз бародарони шиа даъват мекунад ки дар ин мавзуъҳо ақли солимро кор фармуда ба хуломаи дуруст биёянд ва роҳи ҳақро ихтиёр намоянд. Аз ҷумлаи мавзуъҳои зикршуда инҳоянд: Ашке бар Тавҳид Шиъаҳо ва Қурон Шиҳаъо ва саҳобагон Имомат Никоҳи Мутъа Хумс Имом Маҳди Исмату маъсумият Тақя Ва дигар мавзуъҳо.
Formation : Усмон ибни Муҳаммад Ал-Хамис
Source : http://www.islamhouse.com/p/320517