Noble Quran » Тоҷики » Books » Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?

  • Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?

    Библия дар бораи Хотам-ул-анбиё Муҳаммад (с) оё чизе гуфтааст? Шайх Аҳмади Дидот яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми исломшиносии муосир миёни тадқиқотҳои сершумору хеле арзанда ва пурарзиши худ яке аз онҳоро маҳз ба ҳамин мавзўъ бахшида, ба ин саволи ниҳоят душворе, ки беш аз ҳазору чаҳорсад сол на танҳо олимону муҳаққиқин, балки ҳар як инсони соҳибақлро дар рўи замин маҷбур месозад сар ба зонуи тафаккур гузорад, посухи мантиқӣ гуфт. Ин тадқиқоти шайх Дидот зери унвони «Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?» қариб ба тамоми забонҳои халқхои дунё ба чоп расида, баҳои арзандаро низ сазовор гардид.

    Formation : Аҳмад Дидот

    Source : http://www.islamhouse.com/p/322439

    Download :Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?

Random Books

  • ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢСипас аз олимон касоне буданд, ки чил (ҳадис)-ро дар усули дин, баъзеи онҳо дар фурўъ, баъзеи онҳо дар ҷиҳод, баъзеи онҳо дар зўҳд (парҳезгорӣ), баъзеи онҳо дар адаб ва баъзеи дигар дар хутба гуфтан ҷамъ кардаанд ва ҳамаи онҳо ниятҳои некў доштанд; Худо аз қосидони ин корҳо хушнуд бод. Ба дурустӣ, лозим донистам чил ҳадисеро ҷамъоварӣ намоям, ки муҳимтар аз ҳамаи онҳост, он чил ҳадисе аст, ки ҳамаи он мавзўъҳо (-и дар боло зикршударо) дар бар мегирад, ҳар яке аз он (ҳадис) пояи бузурге аз пояҳои дин аст, чунон ки олимон васф кардаанд, ки меҳвари ислом, ё нисфи ислом, ё сеяки ислом ва ё монанди он аст.

    Formation : Абу Закариё Аннавави

    Source : http://www.islamhouse.com/p/328848

    Download :ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ

  • Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳуCухани мо дар атрофи шахсе аст ки офтоб ба касе беҳтар аз У баъди Паёмбарон натобидааст. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки имони уро ва имони тамоми умматро дар тарозу гузоштанд имони у бар имони тамоми уммат ғолиб (вазнинтар) омад. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки тамоми молашро дар роҳи Худо хайр кард, аз у пурсида шуд оё барои аҳлу оилаат чизе боқи мондаи? Дар ҷавоб гуфт: барои аҳлу оилаам Худову Паёмбарашро мондам. Пас барои шинохтани ин шахс метавонед ба ин китоб ру биоваред, то инки бидонед ки у кист.

    Formation : Одил ибни Али аш-Шидди - Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид

    Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи

    Translators : Мисбоҳиддини Ҳомид

    From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз

    Source : http://www.islamhouse.com/p/204698

    Download :Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳуАбубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу

  • Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаъодати халифаи панҷумини мусулмонон Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ, набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ў ҳамчун имоми одил ва халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт.

    Formation : Муҳаммад Алминшови

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/324365

    Download :Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)

  • ҲАҶ ВА УМРАИн мақола дар бораи ҳаҷ ва умра, фарзҳои он, суннатҳои он, мустаҳабот ва дар бораи чигуна бояд ҳаҷ ва умра кардро баён мекунад.

    Translators : Мусъаби Ҳамза

    Source : http://www.islamhouse.com/p/250717

    Download :ҲАҶ ВА УМРАҲАҶ ВА УМРА

  • ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИНҲазрати Оиша (р) бешак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои дурахшони олам ба шумор меравад. Худованд ба рўйи эшон дарҳои раҳмат ва фазлу карамашро боз намудааст. Лутфи илоҳӣ Оишаро дар ибтидо духтари шахсияти беназире ба мисли Абубакри Сиддиқ (р.з) қарор додааст, ки ин худ фахри бузург аст. Баъдан, тарзе аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳазрати Оиша (р.з) маълумамон мешавад, пешомади хубтару саодатмандтаре эшонро дар оғўш мегирад. Ин ҳам бошад, издивоҷи мутаҳҳар бо беҳтарин авлоди ҳазрати Одам, яъне Муҳаммади Мустафо (дуову дуруд бар у бод) аст.

    Formation : Холид Абу Солиҳ

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/329655

    Download :ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИН

Choose language

Choose Sorah

Choose tafseer

Participate

Bookmark and Share