Noble Quran » Тоҷики » Books » Ашке бар тавҳид

  • Ашке бар тавҳид

    Тамоми Паёмбарон мардумро фақат басуи як чиз даъват мекарданд, ва онҳам он буд, ки мегуфтанд: эй мардум! Фақат Худовандро ибодат кунед барои шумо ба ҷуз як Худо дигар Худое нест. Бародарону хоҳарони азиз! Оё медонед маъноӣ ибодат чист ? Маъноӣ ибодат: Яъне муҳаббату итоъату назру қурбони, ҳама бояд бароӣ Худо бошад. Ва бо дигар маъно: Ягона донистани Худованд бо дил, ва ягона донистани Худованд дар амал. Маъноӣ ягона донистани Худованд бо дил: Яъне дар дустдориву муҳабати Худованд ягон касро ба У баробар накардан, ва дар тарси аз Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва дар зориву илтиҷо ба суӣ Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва ба ғайр аз Худованд ба ягон кас тавакал накардан, ва ғайраҳо. Маъноӣ ягона донистани Худованд дар амал: Яъне дуъо накардан магар ба суӣ Худо, кумак талаб накардан, магар аз Худо, ва қурбониву назр накардан магар ба номи Худо, ва қасам нахурдан магар ба номи Худо, ва ғайраҳо.

    Formation : Умар Хатлони

    Source : http://www.islamhouse.com/p/292785

    Download :Ашке бар тавҳидАшке бар тавҳид

Random Books

  • Даҳ ёри биҳиштӣДар ин китоб асосан, дар бораи ҳаёту фаъолияти даҳ саҳобаи гиромии Паёмбари акрам (с), ки бо номи «ашараи мубашшара» ё худ «даҳ ёри биҳиштӣ» маъруфанд, маълумот дода шудааст. Ва он саҳобагон: Абубакри Сиддиқ Умар ибни Хатоб Усмон ибни Аффон Али ибни Абитолиб Талҳа ибни Убайдуллоҳ Зубайр ибни Аввом Абдурраҳмон ибни Авф Саъд ибни Абуваққос Саъид ибни Зайд Абуубайда ибни Ҷарроҳ.

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/330947

    Download :Даҳ ёри биҳиштӣДаҳ ёри биҳиштӣ

  • Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаъодати халифаи панҷумини мусулмонон Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ, набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ў ҳамчун имоми одил ва халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт.

    Formation : Муҳаммад Алминшови

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/324365

    Download :Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)

  • ПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАДХонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/329947

    Download :ПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАДПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАД

  • Издивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли СуннатПаёмбар (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мефармояд: «Гурӯҳе аз умматони ман дар охируз-замон зиноро ба ғайри номаш мехонанд» (Ҳадиси шариф) Издивоҷи мутъаро инчунин издивоҷи муваққат, мунқатеъ ва сиға меноманд. Аз он сабаб мутъа номида шудааст, ки мард аз он зан дар муддате, ки қарор бастаанд, нафъу лаззат ва таматтӯъ мебардорад.

    Source : http://www.islamhouse.com/p/354827

    Download :Издивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли СуннатИздивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли Суннат

  • Чӣ гуна ҳидоят ёфтам (чаро Суннӣ шудам) Таваллуди дубора ва интихоби навОн чӣ пеши рӯй шумо хонандаи гиромӣ аст, сӯгномаест аз даврони гумроҳӣ ва залолат, гузоришест аз зулми зулумоти даврон, дар муқобила бо озодӣ, дардномаест аз даврони ҳидоят ва васл шудан ба маҳбуб ва маъбуди ҳақиқӣ ва билохира, калимотест дар мавриди "таваллуди дубора ва зистани нав бо андешаи нав" дар паймудани роҳи саҳеҳ ва дурӯст, ки ҳамоно роҳи расидан ба маҳбуб ва маъбуд аст.

    From issues : Сомона бо забони тоҷики http://tojikislom.net.ru

    Source : http://www.islamhouse.com/p/339052

    Download :Чӣ гуна ҳидоят ёфтам (чаро Суннӣ шудам) Таваллуди дубора ва интихоби навЧӣ гуна ҳидоят ёфтам (чаро Суннӣ шудам) Таваллуди дубора ва интихоби нав

Choose language

Choose Sorah

Choose tafseer

Participate

Bookmark and Share